• Саҳифаи аслӣ
  • Ҷамъомад оиди иҷрои барқияи таъҷилии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъомад оиди иҷрои барқияи таъҷилии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1Имрӯз дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар асоси барқияи таъҷилии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2024, 65, ки дар асоси барқияи ҳукуматӣ аз 15 марти соли 2024 оид ба расонидани мазмуну муҳтавои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 9 марти соли 2024 дарКохи Ваҳдатдар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот намуданд, ҷамъомад баргузор гардид.

2Зимни ҷамъомад, муовини сардори Сарраёсат мазмуну муҳтаво ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 9 марти соли 2024 дарКохи Ваҳдатдар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот намуданд, ба таври равшану возеҳ ва мушаххас баён намуд.

3Ҳамзамон кормандонро ҷиҳати сарфаю сариштакорӣ дар маъракаву маросимҳо ва ба ин васила риоя намудани қонунҳои амалкунанда ва ҳамчунин тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ҳидоят намудани онҳо дар роҳи рост даъват ба амал овард.

Дар фарҷоми ҷамъомад, кормандон ва аҳли пайвандони онҳоро бо фарорасии Иди Саиди Фитр таҳният намуда, ба онҳо сиҳату саломатӣ, зиндагии орому осуда, хонаи обод, файзу баракат ва ризқу рӯзии фаровон орзу намуд.