Нишасти матбуоти

Нишасти матбуотии Сарраёсати молияи вилояти Суғд, Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Раёсати минтақавии иқтисод ва савдо, Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд дар маҷлисгоҳи Сарраёсати молия баргузор гардид.

Муфассал...

Ҷаласаи кори

Имрӯз Сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо роҳбарони раёсату шӯъба ва бахшҳои омор дар шаҳру ноҳияҳо ҷаласаи маҷозӣ (видеоконфронс) баргузор намуд.

Дар ҷаласа оид ба риояи интизоми мехнат,, коргузори ва ҳуҷатгузориҳо, санҷиши  субъектҳои хоҷагидорӣ, электроникунонии дафтархои хочаги ва дигар масъалаҳои соҳавӣ бараси карда шуд.

Дар ҷаласаи мазкур тамоми роҳбарони омори маҳаллӣ тариқи видеоӣ пайваст шуда, маърӯзаи роҳбарони мақомоти омори н.Айни, н.Ашт, н.Б.Ғафуров, ш.Хуҷанд, ш.Гулистон ва ш.Панҷакент шунида шуд.

Муфассал...

Шарҳи нуқтаҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти омори вилоят

Имрӯз дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир ба баёни нуқтаҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндаи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Рустамҷон Рустамов бо кормандони мақомоти омори вилоят баргузор гардид.

Муфассал...

Ҷаласаи маҷозӣ (видеоконференсия)

Имрӯз Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони Сарраёсати омори вилоятҳо ва роҳбарони омори шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҷаласаи маҷозӣ (видеоконференсия) баргузор намуд. Дар он масъалаҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба фаъолияти касбӣ, коргузорӣ, иҷрои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон ва риояи қоидаҳои беҳдошт, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва таьмин намудани шаффофияти маьлумотхои омори баррасӣ гардид.

Муфассал...

Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз кормандони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо руҳияи баланди ватандорӣ ва ифтихори миллӣ тамошо намуданд.

Муфассал...