Семинари миллӣ оид ба пешравиҳо дар самти расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар Сарраёсати омори вилоят

Дар маҷлисгоҳи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсади мониторинг ва арзёбии Ҳадафҳои рушди устувор дар доираи Лоиҳаи Барномаи рушди СММ (ПРООН) “Мониторинги ҲРУ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронидани “Семинари миллӣ оид ба пешравиҳо дар самти расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор” санаҳои 21-23 октябри соли 2021 бо иштироки 40 нафар кормандони раёсату шуъбаҳои омори Сарраёсат ва шаҳру ноҳияҳои он семинари омўзишӣ барпо гардид.

Муфассал...

Сарраёсати омор аз нӯҳ моҳи сипаришуда натиҷагирӣ намуд

Ҷаласаи васеи мушовараи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки роҳбарони раёсату шуъбаҳои сарраёсат ва сардорони раёсату бахш ва шӯъбаҳои омори шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оид ба ҷамбасти нӯҳ моҳи соли 2021 баргузор гардид.

Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа дар кори ҷаласа иштирок намуда, оид ба маълумотҳои расмии оморӣ ва таъмини сифатноку саривақтии иҷрои Барномаи корҳои оморӣ дар соли 2021 ба масъулини соҳаҳо як қатор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Муфассал...

Боздид коргоҳҳои коркарди пахта

Боздиди Сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода аз коргоҳҳои коркарди пахтаи ҶДММ “25 солагии Истиқлолият”, ҶСП “Деҳқон” ва ҶДММ “Спитамен текстайлз”-и ноҳияи Спитамен ва заводҳои пахтатозакунии ҶДММ “Органик-1”, ҶДММ “Сорбон агро” ва ҶДММ “Тиллои сафед-Н”-и ноҳияи Ҷ.Расулов.

Муфассал...

Ҷамъомади тантанавӣ

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рудакӣ» - и шаҳри Хуҷанд ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа баргузор гардид.

Дар рафти чорабини кормандони фаъоли мақомоти омори давлатӣ бо Ифтихонома ва Сипосномаҳо сарфароз гардиданд.

Инчунин сардорони раёсату шуъбаҳои Сарраёсат ва сардорони мақомоти омори маҳаллӣ бо ноутбук мукофотонида шуданд.

Муфассал...

Боздиди Директори агенти аз бинои омори ноҳияи Шаҳристон

Дар рафти сафари кори ба вилояти Суғд директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти корҳои сохтмонии бинои нави бахши омори ноҳияи Шаҳристон дидан намуданд.

Муфассал...