Ҳар як иқдоми Пешвои миллат намунаи воло ва ибратбахши ватандориву ифтихори миллӣ аст
Ҳамасола тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рузҳои ид” рӯзи 16-ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин рузи таърихӣ чун таҷассумгари орзую омоли неки мардум, кафили сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шавқат, хираду пешрафт ва ваҳдату ҳамдилии ҷомеа мебошад.
Таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон собит месозад, ки шахсиятҳои таърихӣ, барҷаставу номбардор, ки дар марҳилаву вазъиятҳои барои кишварҳои мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обрӯву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд.
Ғамхорӣ барои ояндаи миллат, далерию шуҷоат, дарки вазъияти пурхатари баамаломада, қабули қарорҳои таъҷилӣ барои ҳифзи тартиботу мудофиа, иҷтимоиёти аҳолӣ Эмомалӣ Раҳмонро маҳбуби халқу миллат гардонид ва дар лаҳзаи тақдирсозӣ Ватан дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Раиси Шӯрои Олии кишвар интихоб гардида, тақдири худро як умр ба тақдири халқу ватан пайваст.
Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои нахустини Сарвари давлат интихоб гардиданашон таҳкими сулҳ, озодии сиёсӣ, ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ, ҳифзи сарҳадро ҳамчун вазифаҳои аввалини ҳукумати нав муайян карданд. Барои иҷрои ин мақсадҳо тадбирҳое андешиданд, ки дар таҷрибаи ягон давлати дунё дида нашуда буд. Барҳақ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро меъмори сулҳу истиқлолияти давлати миллии мо меҳисобанд. Маҳз тавассути заҳматҳояшон тамоми рукнҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ аз нав барқарор шуда, чун шохаҳои бузурги идоракунии хоҷагии халқ ба фаъолият пардохтанд. Бо ташаббуси Пешвои миллат соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоқикистон қабул шуда, Президенти кишвар ва вакилони Маҷлиси олӣ бо риояи меъёрҳои байналхалқӣ интихоб шуданд. Аз рӯзи аввал ҳамчун сардори давлат қавл доданд, ки гурезагонро ба Ватан баргардонида, ба ҷанг хотима медиҳанд, халқу кишварро соҳибӣ карда, мардумро сарҷамъу муттаҳид ва мамлакатро обод мекунанд. Президенти мо ба қавлашон вафо карда, фирориёнро ба Ватан баргардонида, бо кӯшишу заҳматҳо 27-уми июни соли 1997 шартномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расонида, ба ҷанг хотима гузоштанд. Бо кӯшиши пайвастаи Пешвои миллат халқи тоҷик сарҷамъу муттаҳид гашт, дар кишвар фазои сулҳу ваҳдат фароҳам оварда шуд, фарҳанги куҳан, номи нобиғаҳои миллат эҳё ва ҷашнвораҳои онҳо таҷлил шуд. Барои инкишофи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ шароит фароҳам оварда шуд.
Маҳз тавассути талошҳои Пешвои муаззами миллат Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият ба давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфта, сохтмони шаҳру шаҳракҳои замонавӣ, иншоотҳои азими саноативу иҷтимоӣ, фарҳангиву фароғатӣ, роҳҳову нақбҳои нпқлиётӣ, неругоҳҳои барқи обӣ ва дигар инфрасохтори замонавӣ симои кишварамонро ба таври шинохтанашаванда тағйир дод.
Бо назардошти ҳамаи ин Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 11-уми декабри соли 1999 барои хизматҳои бузургашон дар барқарор кардани сулҳ дар кишвар, таъмини амнияту бехатарии халқи тоҷик ва давлати миллӣ, хизматҳои барҷастаашон дар рушду инкишофи истиқлолияти Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардонид.
Асрҳову давраҳои бузурги таърихӣ мегузаранд. Дар таърихи давлатҳо бисёранд сарвароне, ки баҳри рушди кишварашон аз худ осоре боқӣ намегузоранд. Мардум ва таърих ба шахсиятҳои давлатӣ аз рӯи хизматашон ба халқу Ватан ва рушди он баҳо дода, ҳеҷ гоҳ хизмату саҳми мусбиашонро дар ташкилу инкишофи давлаташон фаромӯш намекунанд. Хизматҳову саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эъмори давлати нави соҳибистиқлол дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, дар хотираи халқи тоҷик як умр боқӣ хоҳад монд.