• Саҳифаи аслӣ
  • Туҳфаи арзанда ба оморчиёни вилояти Суғд дар арафаи таҷлили Иҷлосияи тақдирсоз

Туҳфаи арзанда ба оморчиёни вилояти Суғд дар арафаи таҷлили Иҷлосияи тақдирсоз

Бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибдавлатӣ ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон дар остонаи таҷлили Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дастоварди муқаддастарини халқи тоҷик мебошад, оморчиён соҳиби бинои наву замонавӣ гардиданд.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили санаҳои бузурги миллиамон боз як бинои наву замонавӣ, бинои маъмурии бахши омори ноҳияи Шаҳристони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Муминзод Абдулмаҷид Мубин, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, муовини Раиси вилояти Суғд – Анвар Яъқубӣ, Раиси ноҳияи Шаҳристон – Акрамзода Баҳодур Исмоил, кормандони мақомоти омори вилояти Суғд ва фаъолони ноҳияи Шаҳристон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки сохтмони бахши омори Шаҳристон бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботҳои муқарраргардида, сохта шуда, ҳамчун иншооти ҷашнӣ дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар сохтмон ва мавриди истифода қарор гирифтани бинои мазкур мусоидати ҳамаҷонибаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Шаҳристон, лоиҳаи «Навкунии низоми омори миллӣ дар Тоҷикистон» назаррас буда, маҳз ташкили корҳои ободонӣ ва заҳмати кормандон ва сохмончиён имконият фароҳам овард, ки бино дар муҳлати муқарраргардида ба истифода дода шавад.

Бинои маъмурии бахши омор дар ноҳияи Шаҳристон дар масоҳати умумии 800,0 метри мураббаъ бунёд гардида, масоҳати зери сохтмон 110,0 метри мураббаъро дарбар мегирад. Бино бо тамоми таҷҳизотҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад ва пурра аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ гардидааст. Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, дорои 1 маҷлисгоҳ, 4 утоқи корӣ, инчунин 1 утоқ, ки дар даромадгоҳи бино ҷойгир шудааст, барои субъектҳое, ки шароити пешниҳоди ҳисоботҳои омориро тариқи электронӣ надоранд, (терминал) муҳайё шудааст, иборат мебошад.