ЭЪЛОН!

Ба таваҷҷуҳи ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ (ғайр аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ) расонида мешавад, ки баъд аз бақайдгирӣ дар Равзанаи ягонаи Кумитаи андоз, гирифтани рамзҳои оморӣ аз мақомоти омор, ройгон ба роҳ монда шудааст.

Дар баробари ин, барои истифода аз дигар хизматрасониҳои оморӣ, аз ҷумла гирифтани варақаи шаклҳои ҳисоботӣ, истифода аз терминалҳо барои воридкунии ҳисоботҳои оморӣ ва ёрии методологӣ маблағ ситонида намешавад.

Агентии омори назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намоиши расмҳо аз рафти ба истифода додани бинои маъмурии бахши омори ноҳияи Шаҳристони

   

Муфассал...

Туҳфаи арзанда ба оморчиёни вилояти Суғд дар арафаи таҷлили Иҷлосияи тақдирсоз

Бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибдавлатӣ ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон дар остонаи таҷлили Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дастоварди муқаддастарини халқи тоҷик мебошад, оморчиён соҳиби бинои наву замонавӣ гардиданд.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили санаҳои бузурги миллиамон боз як бинои наву замонавӣ, бинои маъмурии бахши омори ноҳияи Шаҳристони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Муминзод Абдулмаҷид Мубин, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, муовини Раиси вилояти Суғд – Анвар Яъқубӣ, Раиси ноҳияи Шаҳристон – Акрамзода Баҳодур Исмоил, кормандони мақомоти омори вилояти Суғд ва фаъолони ноҳияи Шаҳристон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Муфассал...

Вохӯрии сардори Сарраёсат бо намояндаи Спитамен Суғурта дар вилояти Суғд

Дирӯз вохурии сардори Сарраесати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо намояндагони Ширкати "Спитамен Суғурта" дар вилояти Суғд оид ба хизматрасониҳои суғуртавӣ аз ҷумла, суғуртаи хаёт ва саломатӣ, суғуртаи автомобил, суғуртаи бор, суғуртаи дороиҳо, суғуртаи корҳои сохтмониву васлгарӣ ва ғайра баргузор гардид.

Муфассал...

Ҳар як иқдоми Пешвои миллат намунаи воло ва ибратбахши ватандориву ифтихори миллӣ аст

Ҳамасола тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рузҳои ид” рӯзи 16-ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин рузи таърихӣ чун таҷассумгари орзую омоли неки мардум, кафили сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шавқат, хираду пешрафт ва ваҳдату ҳамдилии ҷомеа мебошад.

 Таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон собит месозад, ки шахсиятҳои таърихӣ, барҷаставу номбардор, ки  дар марҳилаву вазъиятҳои барои кишварҳои мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обрӯву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд.

Подробнее...