Мақомоти омори вилояти Суғд аз фаъолияти солонаи худ натиҷабардорӣ намуд
Имрӯз дар маҷлисгоҳи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нурмаҳмадзода Ҷамшед оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори вилояти Суғд дар соли 2024 ҷаласаи мушовара баргузор гардид.
Маърўзаи сардори Сарраёсат Ҳокимбек Накҳатзода "Дар бораи ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти мақомоти омори вилояти Суғд дар соли 2024 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2025" шунида шуд.
Инчунин зимни ҷаласа аз ҷониби Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардида, ба шахсони масъул вобаста ба иҷро ва таъмини он супоришу вазифаҳои мушаххас гузошт.![](/images/news/2024/IMG-20250110-WA0005.jpg)
![](/images/news/2024/IMG-20250110-WA0005.jpg)