Таҷлили Рӯзи Модар дар Куҳистони Мастчоҳ

Таҷлили Рӯзи модар дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо баргузории маҷлиси тантанавӣ ва барномаи фарҳангии идона таҷлил гардид.

Қабл аз ифтитоҳи он сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода ва Раиси ноҳия Маҳмадҷобир Раҷабзода ба собиқадорони меҳнати ноҳия Зоя Умарова инчунин Ҳикоятмо Гиёева номаи табрикоту таманниёти неки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро  бо туҳфаи хотиравӣ супориданд.

Сипас дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони мастчоҳ   маҷлиси тантнавӣ бо ширкати бештар аз 100 нафар занону духтарони фаъоли ноҳия баргузор гардид. Раиси ноҳия тамоми иштирокчиёни чорабинӣ ва кулли занону бонувони ноҳияро бо Иди фархундаву зебоӣ Рузи Модар муборакбод намуд.

Сипас Ҳокимбек Накҳатзода табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро қироат намуд.

Баъди анҷоми чорабинӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Сардори Сарраёсат Ҳокимбек Накҳатзода ба деҳаи Пастиғави Ҷамоати Иван тоҷик омада собиқадори меҳнат бонуи 81 сола Фазилатмоҳ Ҳасановаро аёдат намуда, ба  ин зани ҳунарманд номаи муборакбодӣ ва туҳфаи идонаи Раиси вилояти Суғд  тақдим карда шуд.