Таҷлили Навруз дар Сарраёсати омори вилояти Суғд

Дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврузи Аҷам бо шукуҳи хоса таҷлил карда шуд.

Қабл оғози тантанаи наврузӣ бо ташаббуси роҳбарият дар коргоҳ маросими суманакпазӣ баргузор гардида,дар баробари ин байни кормандон мусобиқаи варзишӣ аз ҷумла аз руи намуди бозиҳои миллӣ ташкил карда шуд.

Ҳамчунин кормандони раёсату шуъбаҳои Сарраёсат гушаҳои наврузии худро дар мавзуи “Нонҳои наврузӣ”, “Хонаи арус”, “Ҳунарҳои миллӣ”, “Шириниҳои наврузӣ” , “Хони шину син” манзури иштирокдорони иди Навруз намуданд.

 

Чорабинии идонаро сардори Сарраёсат Ҳокимбек Накҳатзода ифтитоҳ намуда, муборакбодии наврузии Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи кормандон расонд. 

Мувофиқи анъана ба шаш нафар кормандони Сарраёсат Сипоснома супорида шуда, ба меҳмонони чорабинӣ, собиқадорони мақомоти омор туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Ба ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ бошад, дипломҳои ифтихориро муовини сардори Сарраёсат Умедахон Муродӣ дар лаҳзаи тантнавӣ супорид.