Таҷлили Иди матбуот дар Сарраёсати омор

Бахшида ба Иди матбуоти тоҷик дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд чорабинии идона бо иштироки собиқадорони матбуот, кормандони нашрияҳо ва телевизионҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ баргузор гардид.

Сардори Сарраёсат Ҳокимбек Накҳатзода доир ба саҳми журналистон ва кормандони ВАО дар фаъолияти мақомоти омор андешаҳои худро иброз намуда, зикр намуд, ки маҳз бо кӯмаку ҳамкорӣ ва дастгирии журналистон, сокинони вилоят аз чораю тадбирҳои андешида ва нақшаҳои мақомоти омор огоҳӣ доранд.

“Агар боз ҳам ба маълумоти оморӣ назар андозем танҳо соли 2018 бештар аз 30 иттилою мақолаю гузоришҳо тариқи рузнома ва телевизиону радио пешниҳод карда шуд.

Мо тасмим дорем минбаъд низ ҳамкориро боз ҳам бештару хубтар намуда, барои огоҳии аҳолии вилоят аз нақшаю тадбирҳои муҳими давлатӣ, ки мақомоти омор анҷом медиҳад якҷоя бо Шумо муҳтарам журналистон саю кушиш намояд.

Боварии комил дорам, ки мо якҷоя дар канори ҳамдигар, бо ҳамдиливу ҳамзабониву њаммаромӣ дар ҳалли масъалаҳои асосии мавҷуда кӯшиш ба харҷ медиҳем. Зеро пирузиву пешрафту муваффақиятҳо танҳо бо ҳаммаромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ба даст хоҳад омад.” таъкид намуд Ҳокимбек Накҳатзода.

Адиби шинохта собиқадори матбуот, ходими адабии нашрияи “Ҳақиқати Суғд” Саидамин Ҷило ба роҳбарияти Сарраёсат барои ҳамкории доимӣ ва таваҷҷуҳи самимона дар рузи иди касбии журналистон изҳори сипос намуда, китоби тозанашри худро ба мақомоти омори вилоят тӯҳфа намуд.

Аз ҷониби Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба журналистон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.