Сифати ҳисоботи омори меҳнат беҳтар мешавад.

AksiSem2

Бо мақсади  баланд бардоштани  сифати ба қайдгирии маълумоти оморӣ дар  китобҳои баҳисобгирии хоҷагии ҷамоатҳои деҳот, дар шаҳри Истаравшан семинари омӯзишӣ дастурдиҳӣ барои  кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ,  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва мақомоти омор  баргузор гардид.

Семинари дастурдиҳии омӯзишӣ мувофиқи нақшаи кории Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир гашта идомаи корҳои таҳкими малакаи касбӣ ва беҳтар гаштани сифати маълумоти оморӣ маҳсуб меёбад.

Дар оғози чорабинӣ муовини раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ ва кормандони масъули Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир ба  зарурати  дуруст ва мувофиқи талаботи ба ҳисобгирии оморӣ  ба роҳ мондани китобҳои баҳисобгирии хоҷагӣ дар ҷамоатҳои деҳот  баромад намуданд.

Доир ба масъалаҳои зикргардида Қумриниссо Шамсиева– сардори Раёсати омори меҳнат баромад намуда, ба иштирокчиён тарзи пур кардани сатри китоби хоҷагидориро дар амал нишон дода,ба онҳо маслиҳатҳои муфид дод.

Лозим ба қайд аст,ки  чунин семинарҳои дастурдиҳӣ  дар ноҳияҳои Зафаробод, Ашт, Деваштич, Шаҳристон ва шаҳрҳои Гулистон ва Бӯстон бо иштироки бештар аз 85 нафар баргузор гардид.