Шанбегӣ дар Сарраёсати омор

Мувофиқи дастуру супоришҳои   иҷрокунандаи вазифаи   Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Ахмадзода   дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд шанбегӣ гузаронида шуд. Дар ин чорабинии умумӣ   бештар аз 150 нафар роҳбарият ва кормандони Сарраёсат ширкат намуда,   барои ободу зебо гардондани мавзеи атрофи идораи Сарраёсат саҳми худро гузоштанд.

Кормандон дар баробари тозаву обод намудан, дар боғи идора ва майдони он   бештар аз 100 бех ниҳолу дарахти мевадиҳанда ва 100 бех гули садбарг шинониданд. мешавад.

 

Ҳамчунин дар ин рӯз   баъди таҷдиду азнавсозӣ   маросими ифтитоҳи фаъолияти ошхонаи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Лозим ба қайд аст,ки корҳои барқарорсозӣ ва таъмири ошхона   тариқи ҳашар ба анҷом расида,   маблағгузории он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ сурат гирифт.  

Ошхонаи мазкур дорои 60 ҷойи нишаст буда, минбаъд кормандони Сарраёсат имкон пайдо намуданд, дар ошхонаи наву замонавӣ хӯроки нисфирӯзӣ хӯранд.

Ошпазон баробари хизматрасонии кормандони Сарраёсат ба дигар хоҳишмандон низ хизматрасониро ба роҳ мемонанд. Мувофиқи дастури сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода барои кормандони Сарраёсат нархҳои имтиёзноки хӯрок муқаррар гардида, дар рӯзҳои ҷашнҳои миллӣ озмунҳои хӯрокпазии миллӣ байни кормандон дар ин ошхона баргузор хоҳад шуд.