Семинари омӯзишӣ

Сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати таъмини сифати баланди ҷамоварӣ, коркард ва пешниҳоди маълумотҳои оморӣ ба кормандони ҷамоатҳоишаҳраку деҳоти вилоят кӯмаки амалӣ расонида истодааст.

Дар ноҳияи Айнӣ низ барои ба шакли электронӣ гузаронидани Китобҳои баҳисобгирии хоҷагиҳои ҷамоатҳои деҳот ва шаҳраки ноҳия семинари омӯзиши баргузор гардид.

Сардори Сарраёсат Накҳатзода Ҳокимбек ба кормандони масъули ҷамоатҳои ноҳия доир ба аҳамият ва тарзи истифодабарии барномаи махсуси баҳисобгирии хоҷагиҳо, ки дар оянда дафтарҳои хоҷагиро иваз хоҳад кард маълумот дод.

 

Аз ҷониби корманди масъули Сарраёсат оид ба тарзи дуруст истифодабарӣ, воридкунӣ ва маҳфуз нигоҳдории маълумотҳои оморӣ дарси амалӣ гузаронида шуд.