• Саҳифаи аслӣ
  • Семинари миллӣ оид ба пешравиҳо дар самти расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар Сарраёсати омори вилоят

Семинари миллӣ оид ба пешравиҳо дар самти расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар Сарраёсати омори вилоят

Дар маҷлисгоҳи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсади мониторинг ва арзёбии Ҳадафҳои рушди устувор дар доираи Лоиҳаи Барномаи рушди СММ (ПРООН) “Мониторинги ҲРУ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронидани “Семинари миллӣ оид ба пешравиҳо дар самти расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор” санаҳои 21-23 октябри соли 2021 бо иштироки 40 нафар кормандони раёсату шуъбаҳои омори Сарраёсат ва шаҳру ноҳияҳои он семинари омўзишӣ барпо гардид.

 

Дар семинари мазкур, Набизода А.Н. - сардори Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонов С.М. - сардори МД “Маркази кулли ҳисоббарорӣ”-и Агентӣ, Мирпоччоев Фурқат - сардори Раёсати барномасозии МД “Маркази кулли ҳисоббарорӣ”-и Агентӣ, сардори Раёстаи банақшагирӣ, ҳисобот ва маъмурию хоҷагии МД “Маркази кулли ҳисоббарорӣ”-и Агентӣ – Баротов Б.И., иштирок намуда, оид ба ҷараёни амалишавии лоиҳаи БРСММ ва Агентии омор оид ба “Мониторинги ҲРУ дар Тоҷикистон”, муаррифии таҳияи Платформаи миллии ҲРУ ва тартиби истифодаи он, дар бораи таҳияи платформаи “Маълумоти кушод” (Open Data) ва тартиби истифодаи он, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар рафти семинар кормандон фаъолона иштирок намуда, тариқи саволу ҷавоб ва гуфту шуниди озодона оид ба лоиҳаи таҳияи Платформаи миллии Ҳадафҳои рушди устувор ва тартиби истифодаи он, ҳадафу мақсадҳо ва нишондиҳандаҳо маълумоти пурра гирифтанд.