Семинар барои омода намудани интервюерҳо

55555Дар доираи барномаи ҳамкории Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ дар шаҳри Хуҷанд семинари омӯзишӣ  оид ба тайёр намудани интервюерҳо барои таҳия ва омода намудани тањқиқоти буҷети хонаводаҳо баргузор гардид.

Мақсади чорабиниро масъулин таҳкими имкониятҳои кормандони мақомоти омор ҷиҳати ҷамъоварии маълумот доир ба истифодабарии хизматрасониҳои тиббӣ ва хароҷоти хонаводаҳо арзёбӣ менамоянд.

Чуноне, ки дар оғози семинари мазкур сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода иброз намуд, имрӯз такмили ихтисос ва сифатан беҳтар намудани коркарду ҷамъоварии маълумот барои боз ҳам саҳеҳтар гаштани маълумоти оморӣ омили муҳиб ба ҳисоб меравад.

Ба иштирокдорон сардори  Раёсати омори демографӣ шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ Абдувалӣ Кулов ва Замира Комилова оид ба тарзу усули таҳияи саволномаҳо, омода намудани ҳисобот ва ғайра маълумоти мукаммал доданд.