• Саҳифаи аслӣ
  • Сарраёсати омори вилоят ба кормандони ҷамоат семинар доир намуд.

Сарраёсати омори вилоят ба кормандони ҷамоат семинар доир намуд.

seminari IsfaraДар Раёсати омори шаҳри Конибодом ва Исфара доир ба дуруст ба роҳ мондани пешбурди  китобҳои баҳисобгирии хоҷагии ҷамоатҳои деҳот, истеҳсоли маҳсулотҳои  ҳоҷагии кишоварзӣ  ва корҳои омодагӣ ба баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди  манзил дар соли 2020 семинари омӯзишӣ бо иштироки  бештар аз 80 нафар кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Конибодому  Исфара,  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва мақомоти омори ин  шаҳрҳо баргузор гардид.

        Дар оғози чорабинӣ сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода доир ба дуруст ба роҳ мондани китобҳои баҳисобгирии хоҷагӣ дар ҷамоатҳои деҳот, истеҳсоли маҳсулотҳои хоҷагии кишоварзии назди ҳавлигии шаҳрвандон ва корҳои омодагии баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 баромад намуда, дар асоси қонуну санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастурамалҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо дод.

Доир ба масъалаҳои зикргардида Қумриниссо Шамсиева– сардори Раёсати омори меҳнат баромад намуда, ба иштирокчиён тарзи пур кардани сатри китоби хоҷагидориро дар амал нишон дода,ба онҳо маслиҳатҳои муфид дод.
Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Конибодом ва Исфара ба роҳбарият ва кормандони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои ташкил намудани семинар ва маслиҳатҳои муфид арзи сипос намуданд.