Сарраёсати омор аз нӯҳ моҳи сипаришуда натиҷагирӣ намуд
Ҷаласаи васеи мушовараи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки роҳбарони раёсату шуъбаҳои сарраёсат ва сардорони раёсату бахш ва шӯъбаҳои омори шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оид ба ҷамбасти нӯҳ моҳи соли 2021 баргузор гардид.
Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа дар кори ҷаласа иштирок намуда, оид ба маълумотҳои расмии оморӣ ва таъмини сифатноку саривақтии иҷрои Барномаи корҳои оморӣ дар соли 2021 ба масъулини соҳаҳо як қатор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.