Рақамгузории манзили сокинони деҳаҳои ноҳияи Ашт

Дар асоси супориши роҳбарият ва нақшаи кории Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд кормандони масъули Раёсати барӯйхатгирии Сарраёсат аз ҷараёни корҳои омодагӣ ва сифати корҳои иҷрошуда дар деҳаи Қаҳрамон ва шаҳраки Шайдони ноҳия Ашт ошно шуданд.

Мушоҳида ва таҳлилҳо нишон доданд,ки дар 6 кӯчаи деҳаи Қаҳрамони ҷамоати Шодобаи ноҳияи Ашт насби лавҳа ва рақамгузории манзили сокинон пурра ба анҷом расидааст.

Деҳаи мазкур бештар аз 2500 нафар аҳолӣ дошта, кормандони мақомоти омори ноҳия сокинонро аз чорабинии дар пешистода,-маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ,ки соли 2020 пешбинӣ гаштааст, огоҳ намуданд.

 

Лозим ба ёдоварист,ки дар деҳаи дигари ҷамоати мазкур, Гулистон ва шаҳраки Шайдон насби лавҳаю рақами манзили шаҳрвандон идома дорад.