• Саҳифаи аслӣ
  • Оморчиёни вилоят дар бозиҳои миллӣ маҳорати худро намоиш доданд

Оморчиёни вилоят дар бозиҳои миллӣ маҳорати худро намоиш доданд

Бахшида ба иди фархундаи Навруз дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мусобиқаи варзишии кормандон аз руи намудҳои валейбол, шашка, арғамчинкашӣ,ошуқ ва ланка баргузор гардид.

Кормандони Сарраёсат ба 4 дастаи валейболбозон ва арғамчинкашӣ ҷудо гаштанд,ки ҳайати он аз бонувон низ иборат буд.

Лозим ба қайд аст,ки барои одилона ва дар сатҳи баланд доир гаштани мусобиқаи мазкур варзишгарону омузгорони Муассисаи давлатии “Мактаби варзишии №2”ғ шаҳри Хуҷанд кумаки амалӣ расонда мусобиқаҳои мазкурро доварӣ намуданд.

 

Дар натиҷа дар мусобиқаи валейбол дастаи “Барномасозон” бо роҳбарии Абдурауф Қаҳҳоров, дастаи арғамчинкашӣ бо роҳбарии Аҳмад Мирзоев ғолиб гашта, дар қувваозмоии инфиродӣ дар намуди шашка Бахтиниссо Абдуғаниева, ланкабозӣ Хуршед Ҷураев, ошуқбозӣ Равшан Маҷидов ғолиб дониста шуданд.

Муовини сардори Сарраёсат Умедахон Муродӣ ба ғолибон дар чорабинии идонаи наврузии Сарраёсат Дипломи ғолибият супорида барои ҳамкории судманд ва мусоидат ба роҳбарияту омузгорони Муассисаи давлатии “Мактаби варзишии №2”ғ шаҳри Хуҷанд изҳори сипосмандӣ намуд.