• Саҳифаи аслӣ
  • Оморчиёни вилоят барои ҷамъоварии пахта саҳм мегузоранд.

Оморчиёни вилоят барои ҷамъоварии пахта саҳм мегузоранд.

paxtamrДар баробари шумораи зиёди сокинони вилоят, ки барои сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ба деҳқонон кумак мерасонанд,   кормандони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд низ аз амали нек дар канор нестанд.

Бо истифода аз ҳавои мусоид коргарони Сарраёсат дар рӯзҳои истироҳат ба саҳро баромада, барои сари вақт ва беталаф чидани пахта саҳми арзандаи худро мегузоранд.

То имрӯз бештар аз 50 нафар роҳбарият ва кормандони мақомоти омори вилоят   дар ин ҳашар иштирок намуда, фаъолнокиро аз даст намедиҳанд.

Лозим ба қайд аст,ки дар оғози моҳи сентябр   кормандони Сарраёсати омори вилоят дар озмуни чинакчиёни беҳтарин байни корхонаю ташкилотҳои вилоят яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намуда соҳиби мукофот гаштанд.

Кормандон азм доранд то охири мавсими пахтачинӣ ба ҳашар баромада, барои иҷроиши нақшаи пахтасупорӣ ба деҳқонон ёрии амалии худро мерасонанд.