Нишасти матбуотӣ

Нишасти матбуотӣ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 январи соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи Агентӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма, нишасти матбуотӣ гузаронид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони рӯзномаю маҷаллаҳо, шабакаҳои иттилоотӣ, телевизион ва радио аз он ҷумла: АМИТ «Ховар», «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Халқ - овози», «Паёми Душанбе», «Азия Плюс», «Тоҷикистон», «Фараж», «Авесто», шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Ҷаҳоннамо», «Сафина», «Баҳористон», «Душанбе» ва шабакаҳои радиои «Тоҷикистон», «Ховар», «Овози тоҷик» ва «Садои Душанбе» иштирок намуданд. 

Дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон дар бораи фаъолияти мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018, инчунин дар бораи нишондиҳандаҳои вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 пахши иттилоотӣ пешниҳод карда шуда, барои истифодабарӣ маводҳо, аз ҷумла: гузориш оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) ва маърӯзаи фишурда дар бораи фаъолияти мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 пешниҳод гардид. 

 

 Нишасти матбуотиро Директори Агентӣ, хонум Ҳасанзода Г.К., оғоз намуда, аз натиҷаҳои фаъолияти мақомоти давлатии омор дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018 суханронӣ намуд. Дар муҳокимаи мавзӯъ инчунин муовинонии Директори Агентӣ ва сардорони раёсату шуъбаҳои соҳавии Дастгоҳи марказӣ ва Маркази кулли ҳисоббарорӣ Агентӣ посух доданд. 

Дар мавзӯъҳои соҳавӣ аз ҷониби намояндаҳои воситаҳои ахбори омма саволҳои зерин оид ба: арзиши сабади истеъмолӣ; шумораи кӯдакону наврасони ятим; шумораи занон ва мардони Ҷумҳурии Тоҷикистон; маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва сатҳи тавварум; истифодаи сомонаи расмии мақомоти омор; шумораи нафарони аз 100 сола боло; миқдори занони олим дар Тоҷикистон; чораҳои андешидаи мақомоти омор дар соли 2017 нисбат ба субектҳои оморие, ки тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳоди саривақтӣ ва бо пуррагии ҳисоботҳои омориро риоя накардаанд; дарозумрии миёнаи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи умр ва ғайра.

Намояндагони воситаҳои ахбори омма ба саволҳои худ вобаста ба соҳаҳои мухталиф ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Баргузории нишасти матбуотӣ бо иштироки воситаҳои ахбори омма боиси боз ҳам мукамалгардонии шаффофияти маълумотҳои оморӣ ва баланд бардоштани сифати корҳои ҷамъоварӣ, коркард таҳлил ва таҳияи маълумотҳои оморӣ мегардад.