Натиҷабардори аз семоҳаи аввали соли 2021
Имрӯз ҷаласаи васеи мушовараи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки роҳбарони раёсату шуъбаҳои сарраёсат ва сардорони раёсату бахш ва шӯъбаҳои омори шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оид ба ҷамбасти фаъолияти семоҳаи аввали соли 2021 баргузор гардид.
Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа дар ҷаласа иштирок намуда, оид ба шаффофияти маълумотхои расмии оморӣ ва таъмини сифатноку саривақтии иҷрои Барномаи корҳои оморӣ дар соли 2021 ба масъулини соҳаҳо як қатор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.