• Саҳифаи аслӣ
  • Натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омор дар семоҳа қаноатбахшанд

Натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омор дар семоҳа қаноатбахшанд

Дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи ҷамбасти семоҳаи мақомоти омори вилоят баргузор гардид. 

Дар кори ҷаласа муовини якуми Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодмон Шокирзода ширкат намуд.

Дар оғози кори ҷаласа сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода иштирокдоронимаҷлисро бо рузномаи он шинос намуд.

Доир ба натиҷаиҳои фаъолияти семоҳаи мақомоти омор ва нишондиҳандаҳои самтҳои мухталифи хоҷагии халқи вилояти Суғд муовини сардори Сарраёсат Умедахон Муродӣ маърузанамуд.

 

Доир ба масъалаи дуюми рузномаи маҷлис сардори Раёсати баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Сарраёсат Инобат Турсунбоева гузориши муфассал дод

Таъкид гардид,ки агарчанде то имруз дар тамоми шаҳру ноҳияи вилоят корҳои омодагӣ барои сари вақт гузаронидани ин маъракаи муҳим идома доранд,яке аз қисматҳои муҳими он ба тартиб даровардани номи кучаҳо ва насби рақам ба манзилу иншоотҳо то ҳол идома дорад.

Муовини якуми Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодмон Шокирзода роҳбарони мақомоти омори шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуд,ки барои ба таври мукаммал ба анҷом расондани ин қисмати кори омодагии баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили дар соли 2020 пешбинигашта чораҳои фаврӣ андешанд.

Дар анҷоми ҷаласа муовини якуми Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодмон Шокирзода ва сардори Сарраёсат Ҳокимбек Накҳатзода вобаста ба саҳеҳияти нишондиҳандаҳои омории шаҳру нохияҳои вилоят, такмили онҳо ва иҷроиши босифати нақшаҳои барои семоҳаи оянда пешбинашуда дастуру суоришҳо доданд.