Намоиши ҳунарҳои мардумии оморчиён

Дар баробари фаъолияти пурсамар роҳбарият ва кормандони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд соҳиби ҳунарҳои миллӣ ва истеъдоди баланд низ ҳастанд. Дар таҷлили Иди Навруз тамоми кормандон фаъолона иштирок намуда, маросиму суннатҳои миллӣ ва наврузиро бо завқу маҳорати хоса намоиш доданд.