Манзили сокинон рақамгузорӣ мешавад

Ҷиҳати иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд аз ҷониби Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд корҳои омодагӣ идома дорад.Таҳия ва омода намудани нақшаи схематикии маҳал, мушаххас ва муайян намудани номи кӯчаҳова рақами манзилу бино-хо, аз ҷумлаи чунин корҳо ба ҳисоб меравад. Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон дод, ки то имрӯз дар баъзе аз кӯчаю маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят лавҳаҳо бо номи кӯча насб нагардидааст ва ё манзили сокинон рақамгузорӣ нашудааст. 


Бо иштироки сардори Сарраёсат, кормандони масъули саридора ва омори ноҳия дар кӯчаҳои ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов ва шаҳраки Ғафурови ноҳияи Б . Ғафуров дар 5 кӯча ва наздик 100 ҳавлии сокинон намунаи лавҳа бо номи кӯча ва рақами манзили шаҳрвандон насб карда шуд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин кормандони масъули ҷамоат фаъолони маҳалла ширкат намуданд.
Роҳбарият ва кормандони мақомоти омор тарзи дурусти лавҳагузорӣ ва рақамгузории кӯчаю маҳал ва манзили сокинонро ба кормандони идораҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҷамоат ва кумитаи маҳалла намоиш дода, дастурҳои методии мушаххас доданд.