• Саҳифаи аслӣ
  • Мақомоти омори вилоят аз фаъолияти солонаи худ натиҷагирӣ намуд.

Мақомоти омори вилоят аз фаъолияти солонаи худ натиҷагирӣ намуд.

Мушовараи васеъи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори вилояти Суғд дар соли 2020 бо иштироки Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ва роҳбарони раёсату шуъбаҳои омори Сарраёсат ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид.