• Саҳифаи аслӣ
  • Мақомоти омори вилоят аз фаъолияти солонаи худ натиҷабардорӣ намуд

Мақомоти омори вилоят аз фаъолияти солонаи худ натиҷабардорӣ намуд

Дар маҷлисгоҳи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори вилояти Суғд дар соли 2019 баргузор гардид.

Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори вилояти Суғд дар соли 2019 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2020 маърӯзаи сардори Сарраёсат Ҳокимбек Накҳатзода шунида шуд.

Ҳамзамон тибқи рӯзнома “Оид ба иҷрои корҳои тайёрӣ барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили вилояти Суғд дар соли 2020” сардори Раёсати барӯйхатгирии аҳолии Дастгоҳи марказӣ Муродов Ворис Қаюмович маърӯза намуд.

Инчунин дар ҷараёни ҷаласа Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зикр намуда, ба шахсони масъул вобаста барои таъмину иҷрои он супоришу вазифаҳои мушаххас гузошт.