• Саҳифаи аслӣ
  • Кормандони ҷамоатҳои вилоят барои маъракаи барӯйхатгирӣ омода мешаванд.

Кормандони ҷамоатҳои вилоят барои маъракаи барӯйхатгирӣ омода мешаванд.

AxiSeminar

Кормандони масъули Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд силсилаи семинари омӯзишӣ ва дастурдиҳиро барои кормандони мақомоти омори шаҳру ноҳияҳо гузаронида истодаанд.

 Семинарҳои навбатӣ дар  ноҳияҳои Мастчоҳ, Спитамен, Ҷ.Расулов ва Б.Ғафуров баргузор гардид.

Аз ҷониби  кормандони Раёсати барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ҳамчунин Раёсати омори меҳнати Сарраёсат  ба иштирокчиён доир ба иҷроиши сари вақтии  нақшаҳои омодагии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил,  тартиби истифодаю ба қайдгирӣ ба китобҳои ба ҳисобгирии хоҷагӣ дар ҷамоату шаҳракҳо ва ба ҳисобгирии маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ дастуру маслиҳатҳои касбӣ дода шуд.

Лозим ба қайд аст, ки дар семинари мазкур  дар баробари кормандони мақомоти омори маҳаллӣ кормандони ҷамоату шаҳрак ва фаъолоне, ки одатан ба маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ҷалб мешаванд ширкат намуданд. Шумораи умумии иштирокчиёни семинари дастурдиҳӣ бештар аз 80 нафарро ташкил дод.