Дастурдихии омўзиши баргузор гардид

DSC01892Дар шањри Истаравшан бо иштироки мутахассисиони барўйхатгирии ањолии шањру ноњияњо дар мавзўи «Тарзи тартиб додани наќшаи  ташкилии гузаронидани барўйхат-гирии санљишии ањолї ва фонди манзил дар соли 2018 дар мањаллаи 64 ва 91-уми шањри Душанбе  ва шањри Нораки вилояти Хатлон» дастурдињии омўзишї гузаронида шуд.

Дар омўзиши мазкур роњбарони маќомоти омори мањаллии ВМКБ, вилоятњо, шањри Душанбе ва шањру ноњияњои тобеи љумњурї иштирок намуда, он бо дастгирии молиявии Хазинаи нуфузи Созмони Миллали Муттањид гузаронида шуд.

Дар ќисмати ифтитоњии чорабинї муовини Директори Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон Ќиёмиддин Давлатзода, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд Њокимбек Накњатзода оид ба ањамияти «Барўйхатгирии ањолї ва фонди манзил дар соли 2018» баромад намуданд. Дар љараёни омўзиш сардори Раёсати барўйхатгирии ањолии Агентии омор Муродов В.Ќ., оид ба тарзи тартиб додани наќшаи ташкилии гузаронидани барўйхатгирии  санљишии ањолї ва фонди манзил дар соли 2018 дар мањалњои 64 ва 91-уми шањри Душанбе  ва шањри Нораки вилояти Хатлон маълумоти муфассал дода, муовини сардори Раёсати барўйхатгирии ањолии Агентии омор Ризоев Наљмиддин мувофиќи наќшаи рўзномаи барнома баромад намуд.  

     DSC01943Иштирокчиён ва инчунин кормандони раёсати барўйхатгирии ањолї баъд аз семинари омўзишї бо маълумотњои муфиду таассуротњои тоза интизорї меравад, ки дастурњои аз семинар гирифтаро бањри сайќал додани донишу малака ва дар амал татбиќ намудан равона менамоянд.