Дастурдиҳии омузишӣ барои оморчиён оғоз гардид

Дар толори конфронсии «Хуҷанд стар» -и шаҳри Хуҷанд дастурдиҳии омузишӣ бо кормандони барӯйхатгирии аҳолии мақомоти омори вилояти Суғд дар мавзӯи «Рафти корҳои тайёрӣ ва тартиби гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 оғоз гардид.

Дар ҳамоиши мазкур кормандони масъули барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат менамоянд.

Баъди суханони ифтитоҳии сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода баромад намуда, доир ба корҳои то имрӯз ба анҷомрасондаи мақомоти омор дар самти омодагии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил изҳори назар намуд.

 

Мувофиқи барномаи чорабинии мазкур давоми ду руз аз ҷониби кормандони масъули Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ворис Муродов ва Наҷмиддин Ризоев ба иштирокчиёни ҳамоиши дастурдиҳии омузишӣ доир ба иҷроиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, сатҳу сифати корҳои ба иҷрорасида, шакли дурусти таҳияи маводҳои картографӣ ва нақшаи схематикӣ маълумот дода мешавад.