• Саҳифаи аслӣ
  • Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ деҳаҳо рақамгузорӣ мешаванд

Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ деҳаҳо рақамгузорӣ мешаванд

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ ситод оид ба корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва омодагӣ барои баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 баргузор гардид.

Дар кори ситод раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек, раисони ҷамоатҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Дар ситод масъалаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар соли 2020, инчунин рақамгузорӣ намудани хонаҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ барраси карда шуд.

Пас аз баргузории ситод бо иштироки раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода ва сардори сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Накҳатзода Ҳокимбек чанде аз хонаиҳои истиқоматии деҳаи Рогифро рақамгузорӣ намуданд.