• Саҳифаи аслӣ
  • Дар Мастчоҳ ба 30-солагии Истиқлолият омодагӣ мегиранд.

Дар Мастчоҳ ба 30-солагии Истиқлолият омодагӣ мегиранд.

111Дар интиҳои ҳафтаи гузашта гуруҳи кории Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ноҳияи Мастчоҳ сафари корї анҷом дод.

Мақсади сафар шиносоӣ бо боздиди корӣ намудан аз рафти корҳои сохтмонї ва бунёди иншоотҳои навбунёд буд.

Назар ба маълумоти оморї бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия сохта ба истифода додани чандин иншооти  иҷтимої, фарҳангї, таълимї ва хизматрасонї пешбинї гаштааст.

Гуруҳи корї аз рафти корҳои сохтмонии Қасри фарҳанг барои 1000 ҷойи нишаст ва боғчаи бачагона барои 160  нафар кӯдак, Варзишгоҳ бо  панҷ ҳазор ҷойи нишаст дар маркази ноҳия, ҳамчунин корҳои азнавсозии Маркази саломатӣ дар ҷамоати Оббурдон боздид намуд.

Назар ба маълумоти мутахассисон иншооти мазкур дар рӯзҳои таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд мавриди истифода қарор гирад.