• Саҳифаи аслӣ
  • Дар Ҷамоати Исфисор барои барӯйхатгирии аҳолӣ тайёри рафта истодааст.

Дар Ҷамоати Исфисор барои барӯйхатгирии аҳолӣ тайёри рафта истодааст.

1111

Ба тартибдарорӣ ва гузоштани лавҳаҳо дар кӯчаву маҳаллаҳои вилоят идома дорад. Ин навбат кормандони раёсати барӯйхат-гирии аҳолии Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  ба Ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Б. Ғафуров омаданд.

Дар кӯчаи «1 Май» лавҳа бо номи кӯча ва рақами тартибии хонаҳо насб шуданд. Дар ин кӯча 75 хона мавҷуд буда, рақамҳои кӯҳнаи он  нав карда шуданд. Аз ин иқдоми масъулин сокинон қаноатмандии худро иброз намуданд. Зеро навиштаҷоту рақамҳои гуногуншакл дар манзили сокинон кӯҳнаву ба талабот ҷавобгӯ набуд. 

Лозим ба ёдоварист, ки соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барӯйхатгирии умумии аҳолӣ  ва фонди манзил гузаронида мешавад. Бинобар маълумоти масъулини Раёсати барӯйхат-гирии аҳолии Сарраёсати Агентии омори вилоят ба тартиб даровардани номи кӯчаву рақами хонаҳо ин  яке аз қисмати корҳои  омодагӣ ба маъракаи мазкур мебошад.2222

 Дар ҷамоати Исфисор 98 кӯча ва зиёда аз 4 ҳазор хонаҳои истиқомативу ғайриситиқоматӣ мавҷуданд. То имрӯз бошад дар 12 кӯчаи ҷамотаи мазкур гузоштани лавҳа ва рақами хонаҳо пурра ба охир расидааст. Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақша дар вилоят батартибдарории кӯчаҳо то семоҳаи аввали соли 2019 идома ёфта тамоми кӯчаҳои вилоят батартиб дароварда мешаванд.