• Саҳифаи аслӣ
  • Боздиди гурӯҳи корӣ аз рафти корҳои омодагии барӯйхатгирӣ

Боздиди гурӯҳи корӣ аз рафти корҳои омодагии барӯйхатгирӣ

Ҳайати кории Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо рафти корҳои омодагии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар ноҳияҳои Зафаробод ва Деваштиҷ ошно гаштанд.

Сокинони деҳаи “Сарибоғ”-и Ҷамоати ба номи А.Ҷомӣ дар ноҳияи Зафаробод барои сари вақт гузоштани лавҳа ва рақами манзили худ бо кормандони мақомоти омори ноҳия ҳамкорӣ намуда кӯмаки худро мерасонанд. Деҳаи мазкур аз 2 кӯча ва 135 ҳавлӣ ва 392 нафар аҳолӣ   иборат аст.   Дар ҷамоати мазкур 39 кӯча мавҷуд буда масъулин ният доранд, то интиҳои соли равон дар тамоми кӯчаю маҳаллаи ҷамоат корҳои лавҳанасбкунӣ ва рақамгузориро пурра ба анҷом расонанд. Ҷараёни корҳо дар ҷамоати дигари ноҳия,- Ҷамоати шаҳраки ба номи Ҳамид Алиев   низ дар сатҳи баландӣ ташкилӣ ва иҷроиш идома дорад. Ҳоло дар 49 кӯчаи шахрак 11,125 нафар аҳолӣ буда, шумораи манзили онҳо   1748 ададро ташкил медиҳад. То имрӯз дар шаҳрак 80% кӯчаю хонаи бошандагони он лавҳа ва рақамгузорӣ шудааст.

 

 

Дар шаҳраки Ғончӣ гурӯҳи корӣ аз сатҳи бартартиб даровардани рақаму лавҳаҳои манзилу иншоот ва биноҳои маъмурӣ дар маркази ноҳияи Деваштиҷ ошно гардид.

Ҳоло кормандони мақомоти омори ноҳия дар кӯчаҳои Ленин ва Навобод лавҳаю рақам насб менамоянд.

Назар ба маълумоти роҳбарияти мақомоти омори ноҳия то имрӯз дар шаҳраки Ғончӣ 12 кӯча лавҳаю рақамгузорӣ шудааст.

Лозим ба қайд аст,ки мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 дар кишвар ба руйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад. Аз ин лиҳоз бояд дар ҳар як шаҳраку деҳот, маҳалла, кучаҳо ва хонаҳои аҳолӣ лавҳаю рақамгузории махсуси худро дошта бошанд. Вобаста ба ин масъала кормандону мутахассисони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд чорабиниҳои ташкилию омодагӣ ба ин маъракаи муҳимро вусъат бахшида, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят раванди корҳои лавҳаю рақамгузории кучаву хонаҳоро назорат намуда,ба мутасаддиён   дастуру тавсияҳои методӣ медиҳанд.