Боздиди директори Агентии омор аз ҶДММ «Корпоратсияи моҳии тоҷик»
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми дидан намудан аз иншоотҳои ҷашнӣ дар ифтитоҳи тӯйхонаи «Ваҳдат» иштирок намуда, аз рафти корҳои сохтмонии ҳавзи моҳипарварии ҶДММ «Корпоратсияи моҳии тоҷик» аз наздик шинос гардиданд.