• Саҳифаи аслӣ
  • Бештари кӯчаҳои шаҳри Панҷакент лавҳаю рақамгузорӣ шуданд

Бештари кӯчаҳои шаҳри Панҷакент лавҳаю рақамгузорӣ шуданд

Дар шаҳри Панҷакент бо мақсади сари вақт иҷро намудани корҳои омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд гузарондани маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, ки соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, Раёсати омори шаҳр корҳои зиёдро ба анҷом расонд.

Ҳангоми сафар ва шиносоӣ аз сатҳи иҷроиши корҳои омодагӣ, гурӯҳи кории Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо роҳбарии сардори Сарраёсат Ҳокимбек Накҳатзода ва раиси маҳалла Шодмонқул Бобоев дар насби лавҳа ва рақамгузории кӯчаҳои маҳаллаи «10 солагии Истиқлолият» шаҳри Панҷакент ширкат намуданд.

Маҳаллаи мазкур аз се кӯча иборат буда, 280 манзили сокинон то имрӯз рақами мушаххаси худро надошт. Давоми ду рӯз кӯчаҳои Самарқандӣ, 10 солагии Истиқлолият ва 50 солагии Тоҷикистон, ҳамчунин гузаргоҳҳои он пурра бо лавҳаю рақами тартибӣ таъмин гардид.

Шаҳри Панҷакент аз 14 ҷамоат иборат буда, давоми соли равон наздики 70% корҳои омодагӣ барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ба анҷом расонда шудааст.

Назар ба иттилои сардори Раёсати омори шаҳр Мирзоева то оғози моҳи марти соли 2019 дар тамоми кӯчаю манзили истиқоматкунандагон лавҳаю рақам насб карда хоҳад шуд.