Баргузории семинари омӯзишию дастурдиҳӣ

Дар асоси нақшаи кории Сарраёсати Агентии  омори нади Преиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки  сардорони раёсат ва сармутахассисони идора семинари омӯзишию дастурдиҳӣ баргузор гардид.

Ба иштирокчиён доир ба талаботи таҳияи ҳуҷҷатҳои коргузорӣ, риояи имлои забони тоҷикӣ,дастурамали коргузорӣ  аз ҷониби  мутахассиси шуъбаи табъу нашр  маъумот дода  шуд.

Қисмати дигари семинари дастурдиҳӣ аз муаррифии  шаклу намудҳои ҳисобот, нишондиҳандаҳою омори таҳияи буҷети хонавода иборат буд. Доири  ин мавзуъ сармутахассиси  шуъбаи омори тадқиқоти буҷети хонавода  Раёсати  омори шуғли аҳолӣ,демографӣ ва тадқиқоти буҷети хонаводаи Сарраёсат Барно Ҳакимова   баромад  намуд.

Сардори  Саррёсат  Ҳокимбек Накҳатзода Киромидин ба маъруачиён   ҷиҳати такмили   муҳтавои семинар ва нақшаи  он дастуру супоришҳои   мушаххас дод.  Баргузории  чунин семинарҳои омӯзишӣ ва   дастурдиҳӣ минбаъд низ  пешбинӣ  гашта, ҳадафи он  такмили ихтисос ва баланд бардоштани савияи  донишҳои  назариявӣ  ва  амалии  кормандони Сарраёсат   мебошад.