Ба котибони ҷамоат кӯмаки амалӣ расонда шуд.

20180912 154854

 

Ба  котибони ҷамоат кӯмаки амалӣ расонда шуд.

Бо мақсади расонидани ёрии амалӣ ва шиносоӣ бо вазъи омода, таҳия ва пешниҳоди маълумоту ҳисоботи оморӣ  кормандони шӯъбаи сохтмони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо фаъолияти ҷамоатҳои Халифа Ҳасан ва Чинори шаҳри Панҷакент шинос шуданд.

 

Ҳангоми шиносоӣ маълум гашт, ки  дар ҷамоатҳои мазкур  оид ба баҳисобгирии хонаҳои истиқоматӣ ва ҳисоботи шакли «1-СМШ» барои моххои январ-августи  соли 2018 (Ҳисобот оид ба истифода додани манзилҳои истиқоматӣ) ва рўйхати хонаводаҳое, ки бояд  ба ҳисобот ворид карда мешудаанд,  камбудиҳо ҷой доранд.

Мувофиқи маълумоти пешниҳодгардида  то имрӯз дар ҷамоати Халифа Ҳасан чандин нафар сокинон  соҳиби замини наздиҳавлигӣ шуда бошанд ҳам, то ҳол вобаста ба ҳуҷҷатгузорӣ ва саҳеҳияти маълумоти оморӣ камбудиҳо вуҷуд дорад. Бо  назардошти ин аз ҷониби  кормандони шӯъбаи сохтмони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вобаста ба омода намудани ҳисоботи оморӣ аз рӯйи намудҳои «Ҳисоботи сохтмони манзили шахсӣ» ва «Ҳисоботи фонди манзил» ба котибони ҷамоатҳои мазкур дастуру маслиҳатҳои мушаххас дода шуд.