Атестатсияи кормандони мақомоти омор доир гашт

Дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд атестатсияи кормандони мақомоти омор баргузор гардид.

Комиссияи аттестатсионӣ бо роҳбарии сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода ва иштироки сардори Шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Комилов, намояндаи ваколатдори Раёсати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қадриддин Сулаймонов, сатҳи касбӣ ва маърифати ҳуқуқии кормандонро санҷиданд.

Дар атестатсия 25 нафар кормандони мақомоти омори аз шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Шаҳристон, Истаравшан, Спистамен, Ҷ.Расулов, Б. Ғафуров, Ашт, Гулистон ва Мастчоҳ ширкат намуданд.

 

Аз шумораи умумии дар атестатсия ширкатдошта 60 % ҷавонон ташкил дода, 11 нафар зан иштирок намуд.