Ҷамъомади тантанавӣ
Имрӯз дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рудакӣ» - и шаҳри Хуҷанд ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа баргузор гардид.
Дар рафти чорабини кормандони фаъоли мақомоти омори давлатӣ бо Ифтихонома ва Сипосномаҳо сарфароз гардиданд.
Инчунин сардорони раёсату шуъбаҳои Сарраёсат ва сардорони мақомоти омори маҳаллӣ бо ноутбук мукофотонида шуданд.