Ҷаласаи маҷозӣ (видеоконференсия)

Имрӯз Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони Сарраёсати омори вилоятҳо ва роҳбарони омори шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҷаласаи маҷозӣ (видеоконференсия) баргузор намуд. Дар он масъалаҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба фаъолияти касбӣ, коргузорӣ, иҷрои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон ва риояи қоидаҳои беҳдошт, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва таьмин намудани шаффофияти маьлумотхои омори баррасӣ гардид.