• Саҳифаи аслӣ
  • Чаласаи Комиссияи вилоятии мусоидати барўйхатгирии ахоли ва фонди манзили вилояти Суѓд дар соли 2020

Чаласаи Комиссияи вилоятии мусоидати барўйхатгирии ахоли ва фонди манзили вилояти Суѓд дар соли 2020

Дар маљлисгоњи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба рафти корњои тайёрї ба барўйхатгирии ањолї ва фонди манзил љаласаи Комиссияи вилоятии мусоидати барўйхат-гирии ањолї ва фонди манзили вилояти Суѓд дар соли 2020 баргузор гардид.

Дар љаласаи мазкур раисикунанда Анвар Яъќубї - муовини Раиси вилояти Суѓд (муовини Раиси Комиссияи вилоятии мусоидати барўйхатгирии ањолї ва фонди манзили вилояти Суѓд дар соли 2020), аъзоёни Комиссияи вилоятии мусоидати барўйхатгирии ањолї ва фонди манзили вилояти Суѓд, муовинони раиси шањру ноњияњои вилоят ва дигар даъватшудагон аз сохторњои гуногуни вилоятї иштирок намуданд.

Сароѓоз раисикунанда, дар бораи моњият ва зарурати барномаи умумиљањонии барўйхатгирии ањолї ва фонди манзил, ки марњалаи баргузории он дар Љумњурии Тољикистон соли 2020-ро дарбар мегирад, њамчун манбаи маълумот барои банаќшагирии самараноки рушди иљтимоию иќтисодии мамлакат бо ќарори Шўрои иќтисодию иљтимоии Созмони Миллали Муттањид (июни соли 2015, №2015/10) аз љониби Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттањид дастгирї гардидааст, мухтасаран маълумот дод. Инчунин ў иброз намуд, ки барои ба даст овардани маълумотњои сањењу дакиќ оид ба шумораи ањолї, манзилњои истиќоматї ва ѓайриистиќоматї ва дигар нишондињандањои демографї корњои ташкилию тайёрии ин чорабинии сиёсиро босифат ва дар сатњи баланд бояд гузаронид.

Сипас, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд-котиби Комиссияи давлатии мусоидатии барўйхатгирии ањолии вилояти Суѓд дар соли 2020, Накњатзода Њокимбек баромад намуда, ќайд кард, ки гарчанде тайёрї ва гузаронидани барўйхатгирии ањолї ва фонди манзили марњилаи соли 2020 дар вилоят ба зиммаи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд вогузор шуда бошад њам, бомуваффаќият ва дар сатњи зарурї гузаронидани ин маъракаи муњими сиёсї аз кори самараноки ташкилоту идорањои дахлдор, махсусан Сарраёсати молияи вилоят, Намояндагии корхонаи воњиди давлатии «Хољагии манзилию коммуналї», Кумитаи идораи замин ва геодезии вилоят, Раёсати Вазорати корхои дохилї дар вилояти Суѓд, Маќомоти иљроияи њокимияти давлатї ва аъзоёни Комиссияи вилоятии мусоидати барўхатгирии ањолї вобастагии калон дорад. Чунки корњои тайёр намудани маводњои картографї пас аз пурра ба тартиб даровардани номи кўчањо ва раќами хонањо оѓоз мегарданд, зеро дар маводњои картографї дар тамоми давраи тайёрї бо назардошти њамаи таѓйиротњои ба вуќўъ омада то муњлати пешбинишуда гузаронида мешавад.  

Њамзамон ў ќайд намуд, ки аз љониби Президенти Љумњурии Тољикистон, Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон соли 2018 дар Љумњурии Тољикистон «Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї» эълон гардидааст ва инчунин ташрифи сайёњон ба вилояти Суѓд низ сол аз сол афзоиш ёфта истодааст. Агар дар баробари ободу зебо гардонидани њудуди мањалњои ањолинишин, ки хусусан дар шањрњои Хуљанд, Гулистон, Бўстон, Панљакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом ва дигар ноњияњо имрўзњо идома доранд, гузоштани лавњаю раќамњо низ ба роњ монда мешуд, сайёњон суроѓаи лозимаи худро зуд пайдо менамуданд. 

Пас аз муњокима ва баррасии масъалањо ба шахсони масъулини сохторњои вилоятї ва маќомотњои иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњои вилоят дар самти корњои ташкилию тайёрї барои гузаронидани барўйхатгирии ањолї ва фонди манзили соли 2020 як ќатор супоришу вазифагузорињо дода шуд.