Ҷаласаи ғайринавбатӣ

Имрӯз дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати баррасӣ намудани пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани сабаб ва шароитҳои ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда бо иштироки кормандони Сарраёсат, сардорони раёсату шуъба ва бахшҳои омори шаҳру ноҳияҳо ҷаласаи ғайринавбатӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур муовини сардори Сарраёсат Умедахон Муродӣ пешниҳоди мазкурро мавриди муҳокима қарор дода, доир ба риоя намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” ва ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ, иштирокчиёнро даъват ба амал овард.

Ҳамзамон сардори Сарраёсат оид ба сари вақт ба анҷом расонидани дохилкунии маълумотҳои китобҳои электронии баҳисобгирии хоҷагӣ сардорони раёсату шуъба ва бахшҳои омори мақомоти маҳаллиро вазифадор намуд.