Ҷамъомад оиди иҷрои барқияи таъҷилии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1Имрӯз дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар асоси барқияи таъҷилии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2024, 65, ки дар асоси барқияи ҳукуматӣ аз 15 марти соли 2024 оид ба расонидани мазмуну муҳтавои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 9 марти соли 2024 дарКохи Ваҳдатдар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот намуданд, ҷамъомад баргузор гардид.

Муфассал...

Рӯзи Модар муборак!

8 march

Соли нави мелодии 2024 муборак!

444444

ЭЪЛОН!

Бо мақсади муайян намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, ҳамасола аз тарафи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ таҳқиқоти интихобии буҷети хонаводаҳо гузаронида мешавад.

Бинобар ин, ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки тибқи талаботи Кодекси андоз хонаводаҳо танҳо барои амвол ва замини наздиҳавлигии дар ихтиёрашонбуда андозбандӣ карда мешавад. Аммо барои дигар молу амволи шахсии дар ихтиёрдошта, аз ҷумла ҳамагуна чорво (чорвои калони шохдор, қутосҳо, гӯсфанду буз, асп ва ғ.) ва паррандаҳои дар моликияти шахсии хонаводабуда андозбандӣ карда намешаванд ва маълумотҳои мазкур танҳо бо мақсади таъмини шаффофияти маълумотҳои оморӣ ҷамъоварӣ карда мешаванд.

Агентии омори назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЭЪЛОН!

Ба таваҷҷуҳи ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ (ғайр аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ) расонида мешавад, ки баъд аз бақайдгирӣ дар Равзанаи ягонаи Кумитаи андоз, гирифтани рамзҳои оморӣ аз мақомоти омор, ройгон ба роҳ монда шудааст.

Дар баробари ин, барои истифода аз дигар хизматрасониҳои оморӣ, аз ҷумла гирифтани варақаи шаклҳои ҳисоботӣ, истифода аз терминалҳо барои воридкунии ҳисоботҳои оморӣ ва ёрии методологӣ маблағ ситонида намешавад.

Агентии омори назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон