ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ-ВАЗИФАИ МУҲИМИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА
Дата публикации: 13 ноября 2026 .
Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва густариши равандҳои ҷаҳонӣ пешгирии экстремизм ва терроризм яке аз масъалаҳои муҳими таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи суботи ҷомеа ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Ин зуҳуроти хатарнок метавонанд ба ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон, ваҳдати миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва рушди устувори кишвар таъсири манфӣ расонанд. Аз ин рӯ, муқовимат ба онҳо на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки масъулияти муштараки давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд мебошад.
Экстремизм (ифротгароӣ) зуҳуроти номатлубест, ки дар шаклҳои гуногун зоҳир гардида, метавонад ба барангехтани кинаву адоват, таҳаммулнопазирӣ, халалдор сохтани амнияти ҷомеа ва поймол намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон равона шавад. Терроризм бошад, яке аз шаклҳои хатарноки ҷинояткорӣ буда, бо истифода ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ бо мақсади тарсонидани аҳолӣ, таъсир расонидан ба қабули қарорҳои мақомоти давлатӣ ё ноором сохтани вазъи ҷамъиятӣ алоқаманд мебошад. Ҳар ду зуҳурот ба арзишҳои умумиинсонӣ, сулҳу субот ва ҳамзистии осоиштаи ҷомеа таҳдид мекунанд.
Асосҳои ҳуқуқии муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории миллӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» ва «Дар бораи муқовимат ба терроризм», муайян карда шудаанд. Ҳадафи татбиқи ин санадҳо пешгирии чунин зуҳурот, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва таҳкими волоияти қонун мебошад.
Бо мақсади тақвият бахшидани корҳои пешгирикунанда ва таъмини иҷрои чорабиниҳои дахлдор, тибқи фармоиши директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2026, № 26, Нақшаи дохилиидоравӣ оид ба амалисозии Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм барои солҳои 2026–2030 тасдиқ гардидааст. Татбиқи нақшаи мазкур ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда, инчунин таъмини иҷрои саривақтии чорабиниҳои пешбинишуда равона шудааст.
Пешгирии экстремизм ва терроризм пеш аз ҳама аз баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангии шаҳрвандон оғоз меёбад. Ҳар як шахс бояд ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донад, талаботи қонунгузориро риоя намояд ва ба арзишҳои сулҳу субот, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми ҳамдигар арҷ гузорад. Дар ин раванд тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин ташаккули тафаккури мустақилона ва масъулиятшиносӣ аҳаммияти махсус дорад.
Дар замони рушди технологияҳои рақамӣ истифодаи дуруст ва масъулиятноки шабакаҳои иҷтимоӣ низ яке аз самтҳои муҳими пешгирӣ ба ҳисоб меравад. Шаҳрвандон бояд ҳангоми истифодаи интернет ба мазмун ва манбаи иттилоот таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ, маводи иғвоангез ва иттилооте, ки метавонад кинаву адоват ё таҳаммулнопазириро барангезад, худдорӣ намоянд. Санҷидани дурустии маълумот ва такя ба манбаъҳои боэътимод барои пешгирии таъсири манфии иттилооти носанҷида муҳим мебошад.
Дар пешгирии ин зуҳурот нақши оила, муассисаҳои таълимӣ, мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле муҳим аст. Оила дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва ахлоқи фарзандон нақши асосӣ дошта, муассисаҳои таълимӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониш, тарбияи ҳуқуқӣ ва ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ мусоидат мекунанд. Ҳамкории муассисаҳои давлатӣ ва ҷомеа имкон медиҳад, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ самараноктар ба роҳ монда шуда, барои пешгирии омилҳои мусоидаткунанда ба ифротгароӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шавад.
Кормандони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, низ уҳдадоранд дар доираи ваколатҳои хизматии худ ба риояи қонунгузорӣ, таҳкими интизоми меҳнатӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва иҷрои саривақтии чорабиниҳои пешбинишуда саҳм гузоранд. Риояи меъёрҳои ахлоқи хизматӣ, муносибати масъулона ба вазифаҳои хизматӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки ба таҳкими муҳити солими иҷтимоӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат мекунанд.
Ҳамзамон, пешгирии экстремизм ва терроризм бояд бо риояи қатъии қонун, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва татбиқи чораҳои қонунию пешгирикунанда амалӣ карда шавад. Баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон, таҳкими эътимод ба мақомоти давлатӣ ва густариши ҳамкории созанда миёни ниҳодҳои дахлдор барои таъмини амнияти ҷомеа аҳаммияти муҳим доранд.
Хулоса, пешгирии экстремизм ва терроризм вазифаи муҳими давлат ва ҷомеа буда, саҳми ҳар як шаҳрванд дар ҳифзи сулҳу субот ва амнияти миллӣ зарур мебошад. Танҳо тавассути эҳтироми қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, истифодаи масъулонаи технологияҳои иттилоотӣ ва ҳамкории созандаи тамоми қишрҳои ҷомеа метавонем фазои амну осоишта, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳифз намоем.
САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Дата публикации: 24 июня 2026 .
Эълон
Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд барои ишѓоли мансабњои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон менамояд:
Сармутахассиси шуъбаи кадр ҳои Сарраёсат - 1 ҷ ой , маоши мансаб ӣ - 2390,80 сомонӣ ;
2. Сармутахассиси раёсати омори меҳнат, демографӣ ва таҳқиқоти буҷети хонаводаи Сарраёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2390,80 сомон ӣ ;
3. Сармутахассиси Раёсати омори кишоварз ӣ, саноат ва инвеститсия дар сохтмони С арраёсат - 1 ҷ ой , маоши мансаб ӣ- 2390,80 сомон ӣ ;
4. Сармутахассиси Раёсати омори кишоварзӣ, саноат ва инвеститсия дар сохтмони С арраёсат - 1 ҷ ой , маоши мансаб ӣ- 2390,80 сомон ӣ ;
5. Мутахассиси Раёсати омори савдо ва нарху тарифҳои Сарраёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1612,40 сомонӣ;
6. Мутахассиси шуъбаи му ҳ осиботи С арраёсат- 1 ҷ ой , маоши мансаб ӣ 1612,40 сомонӣ;
7. Мутахассиси Раёсати омори ме ҳнат, демографӣ ва таҳқиқоти буҷети хонаводаи Сарраёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1612,40 сомонӣ; ;
8. Мутахассиси шуъбаи кадрҳои Сарраёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1612,40 сомонӣ; .
Раёсати омори ша ҳ ри Пан ҷ акент
9.Муовини сардори Раёсати омори ша ҳ ри Пан ҷ акент – 1 ҷ ой , маоши
мансаб ӣ- 3752,45 сомон ӣ ;
10. Сармутахассиси Раёсати омори ша ҳри Панҷакент- 1 ҷой, маоши мансабӣ- 2279,60 сомонӣ;
Раёсати омори ша ҳри Конибодом
11 . Сармутахассиси Раёсати омори ша ҳри Конибодом – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2279,60 сомонӣ;
12. Мутахассиси Раёсати омори шаҳри Конибодом – 1ҷой, маоши мансабӣ- 1529,00 сомонӣ;
Раёсати омори но ҳияи Спитамен
13. Сармутахассиси Раёсати омори но ҳияи Спитамен – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 2168,40 сомонӣ;
Раёсати омори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
14. Мутахассиси пешбари Раёсати омори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1529,00 сомонӣ;
Шуъбаи омори но ҳ ияи Мастчо ҳ
15.Мутахассиси пешбари шуъбаи омори но ҳ ияи Мастчо ҳ – 1 ҷ ой , маоши
мансаб ӣ- 1779,20 сомон ӣ ;
16.Мутахассиси шуъбаи омори но ҳ ияи Мастчо ҳ – 1 ҷ ой , маоши мансаб ӣ
1459,50 сомон ӣ ;
Шуъбаи омори но ҳ ияи Зафаробод
17.Мутахассиси пешбари шуъбаи омори но ҳ ияи Зафаробод – 1 ҷ ой , маоши мансаб ӣ – 1779,20 сомон ӣ;
18.Мутахассиси шуъбаи омори но ҳ ияи Зафаробод – 1 ҷ ой , маоши мансаб ӣ – 1459,50 сомон ӣ;
Бахши омори но ҳ ияи К ӯҳ истони Мастчо ҳ
19 . Мутахассиси пешбари бахши омори но ҳ ияи К ӯҳ истони Мастчо ҳ - 1 ҷ ой ,
маоши мансаб ӣ – 1779,20 сомон ӣ ;
Раёсати омори ша ҳри Истаравшан
20. Мутахассиси Раёсати омори ша ҳри Истаравшан – 1 ҷ ой , маоши мансаб ӣ – 1529,00 сомон ӣ;
Шуъбаи омори но ҳ ияи Айн ӣ
21. Мутахассиси пешбари шуъбаи омори но ҳ ияи Айн ӣ – 1 ҷ ой , маоши мансаб ӣ – 1779,20 сомон ӣ ;
22.Мутахассиси шуъбаи омори но ҳ ияи Айн ӣ – 1 ҷ ой , маоши мансаб ӣ – 1459,50 сомон ӣ ;
ТАЛАБОТ АЗ ДОВТАЛАБОН:
Барои иш ғ оли мансаби маъмурии категорияи дуюм (муовини сардори Раёсат):
- та ҳ силоти олии касб ӣ , ихтисос – и қ тисодиёт, риёзиёт;
- 2 сол соби қ аи хизмати давлат ӣ дар мансаб ҳ ои категорияи сеюм ё 6 сол соби қ аи умумии хизмати давлат ӣ ё 7 сол соби қ аи умумии ме ҳ нат ӣ ;
- малакаи хуби муошират бо а ҳ ли ҷ омеа, аз ҷ умла ма ҳ орати ба ро ҳ мондани ҳ амкор ӣ ҳ ангоми татби қ и манфиат ҳ ои давлат ӣ .
Барои ишѓоли мансаби маъмурии категорияи панљум (сармутахассис):
- тањсилоти олии касбї, ихтисос – и қ тисодиёт, риёзиёт;
- 2 сол собиќаи хизмати давлатї ё 3 сол собиќаи умумии мењнатї;
- малакаи хуби муошират бо ањли љомеа, аз љумла мањорати ба роњ мондани њамкорї њангоми татбиќи манфиатњои давлатї.
Барои иш ғ оли мансаби маъмурии категорияи шашум (мутахассиси пешбар):
- та ҳ силоти олии касб ӣ , ки и ҷ рои самараноки вазифа ҳ ои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад ;
- ихтисос – и қ тисодиёт, риёзиёт.
Барои иш ғ оли мансаби маъмурии категорияи ҳ афтум (мутахассис):
- та ҳ силоти олии касб ӣ ё миёнаи касб ӣ , ки и ҷ рои самараноки вазифа ҳ ои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- ихтисос – и қ тисодиёт, риёзиёт.
ХУ ҶҶ АТ Ҳ ОИ ЗАРУРИИ ПЕШНИ Ҳ ОДШАВАНДА:
- аризаи шахс ӣ ба унвони сардори Сарраёсати Агентии омори назди
Президенти Ҷ ум ҳ урии То ҷ икистон дар вилояти Cу ғ д;
- вара қ аи шахсии ба ҳ исобгирии кадр ҳ о ( 2 дона расми 4х6) ;
- тар ҷ умаи ҳ ол;
- нусхаи дафтарчаи ме ҳ нат ӣ (ба ғ айр аз ҳ олат ҳ ое, ки шахс соби қ аи ме ҳ нат ӣ
надорад);
- нусхаи ҳ у ҷҷ ати тасди қ кунандаи та ҳ силот;
- маълумотнома оид ба вазъи саломат ӣ (шакли 038УЕ);
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи гуво ҳ нома дар бораи ра қ ами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумотнома аз ҷ ои исти қ омат;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи билети ҳ арб ӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳ арбиро адо намудаанд).
Му ҳ лати пешни ҳ оди ҳ у ҷҷ ат ҳ о 21 рўз баъди нашри эълон буда, хо ҳ ишмандон метавонанд ба шуъбаи кадр ҳ ои Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷ ум ҳ урии То ҷ икистон дар вилояти Су ғ д бо суро ғ аи ша ҳ ри Ху ҷ анд, ма ҳ аллаи 28, бинои 1, тел. (83422) 5-43-74, 5-69-44 муро ҷ иат намоянд.
Сардори Сарраёсат Њокимбек Накњатзода
Коррупсия – омили монеа дар роҳи рушд
Дата публикации: 21 января 2025 .
Коррупсия дар ҷаҳони имрўза д ар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии давлатҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон монеаҳои ҷиддӣ эљод карда, боиси мушкилоти зиёд гардида истодааст.
Ин амал бо истифодаи нодурусти қудрат ва мавқеи расмӣ барои манфиатҳои шахсӣ алоқаманд аст ва метавонад дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла ришваситонӣ, сўистифода аз мақом, хешутаборбозӣ ва дуздӣ аз манъбаи давлатӣ зоҳир шавад.
Омилҳои асосии коррупсия нокифоягии назорат ва танзим дар идораҳои давлатӣ, маърифати паст ва маънавияти пасти шахсоне, ки дар идораҳо кор мекунанд, ҳамчунин норасоии шаффофият дар равандҳои қабул ва иҷрои қарорҳо ва номуайянии қонунҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошанд. Коррупсия таъсири манфӣ ба тамоми соҳаҳои ҷомеа мерасонад. Аз нигоҳи иқтисодӣ, он ба коҳишёбии маблаггузориҳо, хароҷотҳои барзиёди давлатӣ сабаб мешавад.
Аз нигоҳи иҷтимоӣ, коррупсия боиси коҳиши эътимоди шаҳрвандон ба ҳукумат ва адолати иҷтимоӣ мегардад, ки дар натиҷа ноадолатӣ ва нобаробарӣ дар ҷомеа афзоиш меёбад. Аз ҷиҳати сиёсӣ, коррупсия ба сустшавии низомҳои демократӣ ва таҳкими режимҳои авторитарӣ мусоидат мекунад. Барои мубориза бо коррупсия, таҳкими қонунгузорӣ ва назорати қатъии фаъолияти идораҳои давлатӣ зарураст.
Подробнее...