Президент будан ин ҷасорат аст
Дата публикации: .
Бо маќсади дар сатњи баланд љашн гирифтани Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд љамъомади тантанавї баргузор гардид.
Дар оѓози чорабинї аз љониби муовини сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд, Исомадинї Садриддин дар бораи хизматњои шоёни Президенти Љумњурии Тољикистон дар самти њифзи истиќлолу озодї, эњёи давлатдории навин ва сарљамъии миллат, афзалияти шакли идораи президентї ба таври муфассал маърўза пешнињод шуд.
Дар баромади худ номбурда зикр намуд, ки имрўз мардуми шарифи Тољикистон хуб эњсос мекунанд, ки Пешвои муаззами миллат, сарфи назар аз њамаи мушкилоту монеањои мављуда, тамоми захираву имкониятњоро барои бењбуд бахшидани сатњу сифати зиндагии ањолї сафарбар менамоянд. Мањз шахсияти ин фарзанди фарзонаи миллат буд, ки халќи тољик аз парокандагї наљот ёфт ва то охирин гурезаи тољик ба ватан баргашт. Аз ин љост, ки хизматњои бузурги ўро миллат њаргиз фаромўш нахоњад кард.
Коррупсия – омили монеа дар роҳи рушд
Дата публикации: .
Коррупсия дар ҷаҳони имрўза дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии давлатҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон монеаҳои ҷиддӣ эљод карда, боиси мушкилоти зиёд гардида истодааст.
Ин амал бо истифодаи нодурусти қудрат ва мавқеи расмӣ барои манфиатҳои шахсӣ алоқаманд аст ва метавонад дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла ришваситонӣ, сўистифода аз мақом, хешутаборбозӣ ва дуздӣ аз манъбаи давлатӣ зоҳир шавад. Омилҳои асосии коррупсия нокифоягии назорат ва танзим дар идораҳои давлатӣ, маърифати паст ва маънавияти пасти шахсоне, ки дар идораҳо кор мекунанд, ҳамчунин норасоии шаффофият дар равандҳои қабул ва иҷрои қарорҳо ва номуайянии қонунҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошанд. Коррупсия таъсири манфӣ ба тамоми соҳаҳои ҷомеа мерасонад. Аз нигоҳи иқтисодӣ, он ба коҳишёбии маблаѓгузорињо, хароҷотњои барзиёди давлатӣ сабаб мешавад. Аз нигоҳи иҷтимоӣ, коррупсия боиси коҳиши эътимоди шаҳрвандон ба ҳукумат ва адолати иҷтимоӣ мегардад, ки дар натиҷа ноадолатӣ ва нобаробарӣ дар ҷомеа афзоиш меёбад. Аз ҷиҳати сиёсӣ, коррупсия ба сустшавии низомҳои демократӣ ва таҳкими режимҳои авторитарӣ мусоидат мекунад. Барои мубориза бо коррупсия, таҳкими қонунгузорӣ ва назорати қатъии фаъолияти идораҳои давлатӣ зарур аст.
Подробнее...
РЎЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА
Дата публикации: .
Имрўз дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд бахшида ба Рўзи Иттифоќњои касаба ва арафаи љашни 30-солагии Конститутсияи Љумњурии Тољикистон чорабинии тантанавї баргузор гардид.
Дар чорабинї раиси Кумитаи Иттифоќњои касабаи кормандони муассисањои давлатї, љамъиятї ва бонкии вилояти Суѓд - Љамолов Хайруллохон Ѓайбуллоевич иштирок намуд.
Зимни чорабинї аз љониби сардори Сарраёсат Њокимбек Накњатзода барои дастгирї ва њамкории њамешагии раиси Кумитаи Иттифоќњои касабаи кормандони муассисањои давлатї, љамъиятї ва бонкии вилояти Суѓд бо сипоснома сарфароз гардонида шуд.
Подробнее...