Ҷамъомад оиди иҷрои барқияи таъҷилии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар асоси барқияи таъҷилии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2024, №65, ки дар асоси барқияи ҳукуматӣ аз 15 марти соли 2024 оид ба расонидани мазмуну муҳтавои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 9 марти соли 2024 дар “Кохи Ваҳдат” дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот намуданд, ҷамъомад баргузор гардид.
Зимни ҷамъомад, муовини сардори Сарраёсат мазмуну муҳтаво ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 9 марти соли 2024 дар “Кохи Ваҳдат” дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот намуданд, ба таври равшану возеҳ ва мушаххас баён намуд.
Ҳамзамон кормандонро ҷиҳати сарфаю сариштакорӣ дар маъракаву маросимҳо ва ба ин васила риоя намудани қонунҳои амалкунанда ва ҳамчунин тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ҳидоят намудани онҳо дар роҳи рост даъват ба амал овард.
Дар фарҷоми ҷамъомад, кормандон ва аҳли пайвандони онҳоро бо фарорасии Иди Саиди Фитр таҳният намуда, ба онҳо сиҳату саломатӣ, зиндагии орому осуда, хонаи обод, файзу баракат ва ризқу рӯзии фаровон орзу намуд.