Президент будан ин ҷасорат аст
Бо маќсади дар сатњи баланд љашн гирифтани Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд љамъомади тантанавї баргузор гардид.
Дар оѓози чорабинї аз љониби муовини сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд, Исомадинї Садриддин дар бораи хизматњои шоёни Президенти Љумњурии Тољикистон дар самти њифзи истиќлолу озодї, эњёи давлатдории навин ва сарљамъии миллат, афзалияти шакли идораи президентї ба таври муфассал маърўза пешнињод шуд.
Дар баромади худ номбурда зикр намуд, ки имрўз мардуми шарифи Тољикистон хуб эњсос мекунанд, ки Пешвои муаззами миллат, сарфи назар аз њамаи мушкилоту монеањои мављуда, тамоми захираву имкониятњоро барои бењбуд бахшидани сатњу сифати зиндагии ањолї сафарбар менамоянд. Мањз шахсияти ин фарзанди фарзонаи миллат буд, ки халќи тољик аз парокандагї наљот ёфт ва то охирин гурезаи тољик ба ватан баргашт. Аз ин љост, ки хизматњои бузурги ўро миллат њаргиз фаромўш нахоњад кард.