Деҳаҳои дурдаст лавҳа ва рақамгузорӣ мешаванд

Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади вусъати корҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020 тадбирҳои судманд меандешад.

Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода бо ҳолати имрузаи корҳои тайёрӣ ба ин маъракаи муҳим дар ноҳияҳои Шаҳристон, ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара, маркази маъмурии ноҳияи Мастчоҳ, шаҳраки Бустон ва шаҳри Бустон ошно гаштанд. Вобаста ба иҷроиши нақшаи кории омодагӣ ва таъмини он ба масъулини мақомоти маҳаллӣ ва идораи хоҷагии манзилию коммуналӣ дастуру тавсияҳои методӣ дода шуд.

Подробнее...

Дастурдиҳии омузишӣ барои оморчиён оғоз гардид

Дар толори конфронсии «Хуҷанд стар» -и шаҳри Хуҷанд дастурдиҳии омузишӣ бо кормандони барӯйхатгирии аҳолии мақомоти омори вилояти Суғд дар мавзӯи «Рафти корҳои тайёрӣ ва тартиби гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 оғоз гардид.

Дар ҳамоиши мазкур кормандони масъули барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат менамоянд.

Баъди суханони ифтитоҳии сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода баромад намуда, доир ба корҳои то имрӯз ба анҷомрасондаи мақомоти омор дар самти омодагии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил изҳори назар намуд.

Муфассал...

Натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омор дар семоҳа қаноатбахшанд

Дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи ҷамбасти семоҳаи мақомоти омори вилоят баргузор гардид. 

Дар кори ҷаласа муовини якуми Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодмон Шокирзода ширкат намуд.

Дар оғози кори ҷаласа сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода иштирокдоронимаҷлисро бо рузномаи он шинос намуд.

Доир ба натиҷаиҳои фаъолияти семоҳаи мақомоти омор ва нишондиҳандаҳои самтҳои мухталифи хоҷагии халқи вилояти Суғд муовини сардори Сарраёсат Умедахон Муродӣ маърузанамуд.

Муфассал...

Иштироки Сарраёсати омор дар ярмарка

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ярмаркаи интихоби мутахассисони арзанда баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур баробари корхонаю муассисаҳо ва ширкатҳои гуногун масъулони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ширкат намуда, барои донишҷӯёну хатмкунандагон доир ба фаъолияти Сарраёсати омори вилоят ва ҷойҳои холии корӣ маълумоти муфассал доданд.

Иштироки фаъолонаи наврасон дар таҷлили Иди Наврӯз

Дар таҷлили Иди Навруз 14 нафар кудакону наврасони кормандони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маросимҳои “Ҷураҳои домод” “Нақшхонӣ” ва суруди “Бойчечкак” ро ба маҳарати баланд иҷро намуданд. Аз ҳама муҳимаш иштирок ва иҷроиши ин анъана ба онҳо хеле писанд буд.

Иштирокчиёни навраси Иди Навруз бо Сипосномаи Сарраёсат қадрдонӣ шуданд.

Муфассал...