Коррупсия – омили монеа дар роҳи рушд

Коррупсия дар ҷаҳони имрўза дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии давлатҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон монеаҳои ҷиддӣ эљод карда, боиси мушкилоти зиёд гардида истодааст.

Ин амал бо истифодаи нодурусти қудрат ва мавқеи расмӣ барои манфиатҳои шахсӣ алоқаманд аст ва метавонад дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла ришваситонӣ, сўистифода аз мақом, хешутаборбозӣ ва дуздӣ аз манъбаи давлатӣ зоҳир шавад. Омилҳои асосии коррупсия нокифоягии назорат ва танзим дар идораҳои давлатӣ, маърифати паст ва маънавияти пасти шахсоне, ки дар идораҳо кор мекунанд, ҳамчунин норасоии шаффофият дар равандҳои қабул ва иҷрои қарорҳо ва номуайянии қонунҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошанд. Коррупсия таъсири манфӣ ба тамоми соҳаҳои ҷомеа мерасонад. Аз нигоҳи иқтисодӣ, он ба коҳишёбии маблаѓгузорињо, хароҷотњои барзиёди давлатӣ сабаб мешавад. Аз нигоҳи иҷтимоӣ, коррупсия боиси коҳиши эътимоди шаҳрвандон ба ҳукумат ва адолати иҷтимоӣ мегардад, ки дар натиҷа ноадолатӣ ва нобаробарӣ дар ҷомеа афзоиш меёбад. Аз ҷиҳати сиёсӣ, коррупсия ба сустшавии низомҳои демократӣ ва таҳкими режимҳои авторитарӣ мусоидат мекунад. Барои мубориза бо коррупсия, таҳкими қонунгузорӣ ва назорати қатъии фаъолияти идораҳои давлатӣ зарур аст.

Дар бобати масъалаи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тадбирҳои саривақтӣ андешида шуда, 10 декабри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» қабул гардида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» дар таҳрири нав мавриди амал қарор гирифт. Баъдан бо таъсисёбии Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 марти соли 2008, 374 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020, 1714 фазои зиддикоррупсионии кишвар ва заминаҳои ташкилию ҳуқуқии он мустаҳкам карда шуд. 

Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта то ин муддат се санади барномавии дурнамо «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» аз 26 январи соли 2008, 34; «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз 30 августи соли 2013, №1504 ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, 222 тасдиқ шудааст, ба муборизаи беамон ва коҳиш додани сатҳи болоравии коррупсия дар кишвари азизамон заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузоштанд.

Бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ, сарфа ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармони Президенти кишвар ба имзо расида буд. Боиси хурсандӣ аст, ки аз ҷониби кормандони ин ниҳод дар байни ҷомеа ба таври мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тариқи вохўрї ва семинарҳои омӯзишӣ бурда мешавад ва аҳли ҷомеа аз оқибатҳои ин амали ношоиста огаҳӣ пайдо мекунанд.

       Қайд кардан ба маврид аст, ки Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд пайваста дар бораи оқибатҳои нохуши амалҳои коррупсионӣ дар байни кормандон ва субъектњои њисоботсупор корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад ва инчунин бо намояндагони сохторҳои дахлдор вохӯрию нишастҳо ташкил мекунад, ки ин албатта барои аз миён бардоштани амали мазкур мусоидат хоҳад кард.